spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Таваққуфи беш аз 5-соатаи парвози ҳавопаймои самти Истамбул


Мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Истамбул, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» анҷом дода мешавад, ба идораи ОИ «Азия-Плюс» занг зада, шикоят карданд, ки муддати 5 соат парвози ҳавопаймо мутаваққиф шудааст.

«Ба мо дар бораи сабаби таваққуфи парвоз чизеро шарҳ надода, ҳамчунин моро ба оби нӯшокӣ ва ғизо таъмин накарданд. Чанд маротиба вориди ҳавопаймоямон карданду боз аз он берун оварданд», – гуфтанд онҳо.

Дар робита ба ин масъала ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» иттилоъ доданд, ки бозистии парвози ҳавопаймо ба ниҳоят зиёд будани қабулу парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Истамбул вобаста будааст. «Ҳангоме ки ба парвоз иҷозат шуду мо мусофиронро ба ҳавопаймо ворид намудем, дар ҳавопаймо камбуди фаннӣ ошкор гардид ва баҳри таъмини амнияти парвоз зарурати бартараф кардани он ба миён омад. Аз ин рӯ, лозим омад, ки мусофиронро боз дар толори интизории парвоз ҷой диҳем. Айни замон камбуди фаннӣ бартараф шуда, ҳавопаймо ба парвоз омода аст», – гуфтанд дар ширкат.

Ҳамчунин намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ таъкид карданд, ки мусофирон пас аз се соати таваққуфи парвоз бо ғизои гарм ва дар тамоми муддати интизорӣ бо оби нӯшокӣ дар шишаҳо таъмин карда шуданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...