Санаи 5-уми сентябри соли равон бао ташаббуси Бонки авруосиёии рушд (БАОР) дар 7 шаҳри кишварҳои узви бонк – Алмаато, Остона, Душанбе, Ереван, Минск, Маскав ва Санкт-Петербург таҳти унвони «Посбонии экологӣ» як чорабинӣ доир мегардад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БАОР, дар доираи ин чорабинӣ макони тамошобоб ва шоёни таваҷҷуҳи сокинони ҳар кадоме аз ин шаҳрҳо аз ахлоту ифлосиҳо тоза карда мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, мусоидат ба ҳифзи табиати нодир ва осори фарҳангии кишварҳои узви бонк ва беҳбуди дарки масъулияти ҷомеа барои ҳифзи муҳити зист аз ҷумла ҳадафҳои аслии чорабинӣ маҳсуб меёбанд.
Дар иттилои бонк гуфта мешавад, гурӯҳи ташаббускори БАОР рӯйхати ба ин монанд ҷойҳои бештар ба тозакунӣ аз ахлоту ифлосиҳо ниёздоштаро тартиб дода, дар шаҳри Душанбе ин макон соҳилҳои дарёи Душанбе муқаррар гардидааст.