Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парламенти Ҷумҳурии Корея Махфират Хидирова бо кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ен Чон Гу мулоқот намуд.
Тавре аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Махфират Хидирова дар ҷараёни сӯҳбат аз сафари анҷомдодаи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ба Ҷумҳурии Корея ва боздид аз Парлумони ин кишвар ёдовар шуда, ҳамзамон иброз дошт, ки ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни ин сафар бо раёсати олии Парлумони Ҷумҳурии Корея силсилаи мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода, ҳамчунин бо тамоми паҳлӯҳои фаъолияти парлумони ин кишвар аз наздик ошноӣ пайдо карданд.
Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ҷаноби Ен Ҷон Гу дар навбати худ аз раиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парламенти Ҷумҳурии Корея Махфират Хидирова даъвати Фонди кореягиро ба вай ҷиҳати анҷоми сафар ба Ҷумҳурии Корея дар соли ояндаро расонид.
Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ен Ҷон Гу ҳамчунин аз баргузории Ҷашнвораи филмҳои Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 то 21 сентябри соли ҷорӣ, ки ба муносибати 20 – солагии барқарории муносиботи дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея барномарезӣ шудааст, иттилоъ дода, ҳамзамон изҳор дошт, ки аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумони Корея метавонанд, дар ин ҷашнвора иштирок намоянд.