spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Хуҷанд: Оғози мурофиаи додгоҳии даъвои Тӯраҷонзода


Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи пешакии додгоҳӣ оид ба баррасии даъвои рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода оғоз гардид.

Раиси мурофиаи додгоҳӣ ва ҳамзамон раиси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Матлуба Ҳабибуллоева ба ҳузури хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар мурофиа бо баҳонаи «ҳоло мурофиаи пешакӣ буданаш» иҷозат надода, вале Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари Тӯраҷонзода мегӯяд, бо вуҷуди мурофиаи пешакӣ будан ҳам, бояд ба иштироки журналистон монеъа эҷод нагардад.

Ба қавли Воҳидова, ҷониби даъвогар оид ба даъвои Тӯраҷонзода дар бораи ҳифзи обурӯву мартаба ва шаъну эътибор раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, саримомхатиби масҷиди шаҳри Исфара Ҳоҷӣ Насрулло Азизов, саримомхатиби масҷиди шаҳри Конибодом Ҳоҷӣ Мақсудҷон Ӯрунов ва журналисти телевизиони вилоят Тоҳир Искандарӣ мебошанд.

«Саримомхатиби масҷиди шаҳри Исфара бинобар сабаби дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш ба мурофиа ҳозир нашуд», – гуфт ҳимоятгар.

Воҳидова ҳамчунин гуфт, додрас ба ҷонибҳо нусхаи аризаи даъвогиро супурда, барои муайян кардани дар гуфтаҳои ба унвони Тӯраҷонзода ҷой доштани тӯҳмат ва таҳқир аз ҷониби ҷавобгарон, ташхиси забонӣ (лингистӣ) таъин намуд. «То анҷоми баргузории ин ташхис баррасии парванда боздошта шуд», – афзуд ҳимоятгар.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...