Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 3 сентябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов дар бораи мақсад ва зарурати таҳияи лоиҳаи кодекси мазкур суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар лоиҳаи Кодекси нави андоз расмиёти андозбандӣ ва ҳисобдиҳӣ хеле соддаю шаффоф пешбинӣ шудааст ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани адолатнокию самарабахшӣ, сабук намудани бори андозҳо ва тавассути зиёд кардани шумораи андозсупорандагон, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки дар муқоиса бо Кодекси амалкунанда дар Кодекси нав 25 тағйироти асосӣ вобаста ба сиёсати андоз ва 10 тағйироти асосӣ вобаста ба маъмурикунонии андоз ворид карда шудааст.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони фонограммаҳо аз истифодаи ғайриқонунии фонограммаҳои онҳо, лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар ҷаласаҳои иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум», «Дар бораи Котиботи иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум», «Дар бораи гурӯҳи назоратӣ оид ба системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум», «Дар бораи тартиби инъикоси кори иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» – ро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон пас аз суханронии раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷабборова ва Олим Салимзода аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.