Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои зиддимухаддиротӣ миёни Чин ва Тоҷикистон ва бо даъвати ҷониби Чин 15 нафар кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар семинари «Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир», ки аз 10 то 23 сентябри соли 2012 дар шаҳри Урумчӣ баргузор мешавад, иштирок мекунанд.
Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, курси мазкур аз ҷониби Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин ва Департаменти амнияти ҷамъиятии ноҳияи мухтори Синсзян-Уйғури ин кишвар гузаронида мешавад.