Аз рӯйи натиҷаҳои қуръапартоии мусобиқоти байнулмилалии Ҷоми президенти Туркманистон оид ба футбол, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Украинаву Ӯзбекистон ва Белорус қувваозомоӣ мекунад.
Ба гурӯҳи «А» тимҳои мунтахаби футболи Туркманистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон шомил гардиданд. Дар ин мусобиқот, ки аз 20 то 29-уми сентябр идома меёбад, 9 дастаҳои футболбозони наврас ширкат меварзанд.
Вохӯрии нахусти футболбозони тоҷик бо дастаи Украина рӯзи 21-уми сентябр, бозии дуюм бо дастаи Ӯзбекистон 23-юми сентябр ва вохӯрии охирин дар гурӯҳ бо дастаи Белорус санаи 25-уми сентябр баргузор мешавад.
Пас аз анҷоми бозиҳои гурӯҳӣ ду дастаи аввали гурӯҳҳо (дастаи якуми гурӯҳҳо бо дастаҳои дуввуми гурӯҳҳо) дар вохӯриҳои ниманиҳоӣ баҳри дарёфти роҳхат ба бозии ниҳоӣ қувваозмоӣ мекунанд, ки дар ин бозӣ ғолиби мусобиқот муайян карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки маблағи мукофотпулии Ҷоми президенти Туркманистон 35 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ғолиби мусобиқотро 20 ҳазор ва дастаҳои зинаҳои дуюму сеюмро мутаносибан 10 ва 5 ҳазор доллари ИМА мукофтпулӣ интизор аст.