Имрӯз зимни мулоқот бо аҳли ҷомеаи шаҳри Хоруғ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди як сокини маҳаллаи «Хлебзавод»-и шаҳр дар бораи таъсиси баталйони махсус аз ҳисоби собиқ ҷангиён баҳри мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар марз бо Афғонистонро қабул накард.
Президент ба ташаббускори таъсиси баталйони махсус пешниҳод кард, ки ба боздошт ва нобуд сохтани «се-чор гурӯҳи қочоқбарон, ки ба ҳамаи сокинони шаҳр маълуманд», мусоидат намоянд.
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори ниграонӣ намуд, ки як қиссмате аз сокинони Хоруғ ба тақдири қочоқбарон дилсӯзӣ зоҳир мекунанд, лекин боре ҳам фикр намекунанд, ки тайи солҳои ахир танҳо дар шаҳри Хоруғ аз истеъмоли барзиёди маводи мухаддир беш аз 250 нафар ҷавонон фавтидаанд.