Дар бозии охирини гурӯҳи «В» дар мусобиқоти Ҷоми президенти Туркманистон дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (то 17-сола) бо ҳисоби 2 бар 1 ба ҳамсолони худ аз дастаи Белорус пирӯз гардида, ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёфт.
Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ футболбози дастаи «Регар-ТадАЗ» Комрон Турсунов ду маротиби ба ворид сохтани тӯб ба дарвозаи ҳариф ноил гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки дар ду бозии қаблӣ футболбозони тоҷик аз дастаи Украина бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрда, бар дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 4 бар 0 ғолиб омада буданд.
Пагох, 27-уми сентябр, футболбозони навраси тоҷик дар даври ниманиҳоӣ бо ҳамсолони худ аз Туркманистон қувваозмоӣ мекунанд. Дар бозии ниманиҳоии дигар дастаҳои Русияву Украина вомехӯранд.
Ёдрас мекунем, ки маблағи мукофотпулии Ҷоми президенти Туркманистон 35 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ғолиби мусобиқотро 20 ҳазор ва дастаҳои зинаҳои дуюму сеюмро мутаносибан 10 ва 5 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ интизор аст.