Чанде қабл дар бинои Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон атташеи ҳарбӣ подполковник Джон Фрейвел аз номи Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии сафорати ИМА дастгоҳҳои коммуникатсиониро ба қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон супорид. Дар чорабинии мазкур генерал-майор Шараф Файзуллоев, полковник Солех Шехов ва майор Зариф Ҳакимов ширкат варзиданд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, подполковник Джон Фрейвел иброз дошт: “Бароямон боиси хурсандист, ки қобилем ба қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар беҳтар намудани имкониятҳои коммуникатсионии он кӯмак расонем. Мо умедворем, ки ин таҷҳизот дар таъмини амнияти марзбонон, ки баҳри бехатарии Тоҷикистон ҳаёти худро зери хатар мегузоранд,саҳми арзанда мегузорад.
Хайрияи мазкури Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасони Сафорати ИМА мебошад, ки ба қувваҳои мусаллаҳиТоҷикистон пешкаш гардидааст. Аз соли 1992 мардуми Амрико зиёда аз 984 миллион доллари амрикоиро барои барномаҳое, ки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, институтҳои демократӣ ва рушди иқтисоди Тоҷикистонро, дастгирӣ мекунанд, ҷудо намудааст.