Имрӯз дар муҷтамеи «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт вохӯрии навбатии роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Покистону Афғонистон ва Тоҷикистону Русия ё ба истилоҳ давлатҳои узви «Чоргонаи Душанбе» баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъавоари назди президенти ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ вазири мубориза бо маводи мухаддири ҶИА Зарор Аҳмад Муқбили Усмонӣ, котиби Вазорати мубориза бар зидди маводи мухаддири ҶИП Ҷовид Иқбол, директори ХФНМН ФР Виктор Иванов вадДиректори АНМН Рустам Назаров иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили рафти иҷрои созишномаву қарордодҳои қаблан баимзорасида миёни мақомот дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, иҷрои тарҳи ба истилоҳ «Харитаи роҳ» оид ба пешгирии паҳншавии маводи мухаддири афғонӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ изҳороти муштараки роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасад. Ҳамчунин дар доираи ҳамоиши мазкур баргузории мулоқотҳои дуҷониба бо роҳбарони хадамоти зиддимухаддиротии кишвар тарҳрезӣ шудааст.