Дар рӯзи аввали оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ 10 нафар нахустин ихтиёрини Кӯлоб ба хизмат раҳсипор шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» комиссари ҳарбии минтақаи Кӯлоб подполковник Суҳроб Аҳмедов хабар дод, дар ин маърака ба сурати умум наздики 70 нафар ҷавонон ихтиёран ба хизмат рафтанро хоҳиш кардаанд. «Рӯзи аввал танҳо 10 нафар аз ихтириёнро даъват кардем», – гуфт комиссар ва илова намуд, ки дар рӯзи аввал 40 нафар даъватшавандагон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
Ба гуфтаи ӯ, дар мавсими даъвати баҳории соли равон аз Кӯлоб 205 нафар ҷавонон ба хизмат дар сафи Қуввваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ фиристода шуданд. «Мо боварии комил дорем, ки даъвати тирамоҳӣ низ дар сатҳи шоиста доир хоҳад гардид», – афзуд номбурда.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ба даъватшавандагон сарулибос тақдим намуда, барои онҳо зиёфат орост ва консерт намоиш дода шуд.