Даҳаи дуюми моҳи октябр президенти Иттифоқи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЭФА) Мишел Платини ба Тоҷикистон меояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Валерий Турсунов хабар дод, сафари собиқ футболбози машҳури дастаи мунтахаби Фаронса ва феълан роҳбари УЭФА ба Тоҷикистон дар доираи боздиди ӯ аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ анҷом мепазирад.
Ба қавли Турсунов, Платини баъди боздид аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард. «Ҳарчанд то ҳанӯз барномаи сафари Мишел Платини ба Тоҷикистон таҳия нагардида бошад ҳам, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ӯ бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дидору гуфтушунид хоҳад кард», – афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли гузашта низ Федератсияи футболи Тоҷикистон эълом дошта буд, ки Мишел Платини аз Тоҷикистон боздид мекунад, вале бо сабабҳои номаълум, сафари ӯ мавқуф гузошта шуда буд.