Дар шаҳри Хуҷанд маросими тақдими тӯҳфаҳо ба варзишгарони вилоят аз ҷониби бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар мусобиқоти байнулмилалӣ ба дастовардҳо ноил шуданд, баргузор гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар ин маросим ба ҳудуди 20 нафар варзишгарони вилоят ифтихорномаҳои ҳизб ва туҳфаҳои арзишманд аз қабили техникаи маишӣ тақдим карда шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни суханронӣ дар маросими мазкур собиқ чемпиони ҷаҳон оид ба камонварӣ, варзишгардухтари маъруфи тоҷик Зебуннисо Рустамова изҳор кард, ки ин иқдоми ҲНИТ барои тоҷирон, намояндагони дигар аҳзоби сиёсӣ ва «тамоми афроде, ки ба ояндаи варзиши тоҷик бетафовут нестанд», намунаи ибрат шуда метавонад.