Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии 14-уми Ҳайати мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба кор оғоз мекунад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, барои омодасозии ҳуҷҷатҳои ҷаласа як гурӯҳи коршиносони Вазорати корҳои дохилии Русия чанде қабл ба Душанбе омада, имрӯз ҳайати асосии Вазорати корҳои дохилии Русия таҳти сарварии вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал-лейтенанти политсия Колокольцев Владимир Александрович ба Душанбе меоянд.
Дар ҷаласаи Ҳайати мушовара масоили ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла экстремизм ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил ва иттиҳодияҳое, ки робитаҳои трансмиллӣ доранд, мавриди муҳокима қарор дода хоҳанд шуд.
Инчунин, дар рафти ҷаласа лоиҳаи Нақшаи кории Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои соли 2013 баррасӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия ҳар сол, аз соли 1998 инҷониб бонавбат дар қаламрави давлатҳои якдигар баргузор мегардад.