Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия раиси АНМН-и назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров изҳор кард, ки таҳлили маълумоти расмии мақомоти дохил ва хориҷи кишвар дар бораи ҷинояткорӣ ва мухаддирот, вазъи мухаддирот дар Афғонистон ва тасмими хурӯҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвар дар соли 2014 гувоҳи онанд, ки ояндаи наздик вазъи мухаддирот дар кишвари ҳамсоя ташаннуҷовар боқӣ хоҳанд монд.
Рустам Назаров аз мавқеи ҳукумати Тоҷикистон дар ин масоил ҳарф зад, ки ба ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва зарурати густариши ҳамкории пурсамар миёни мақомоти зиддимухаддироти Тоҷикистону Русия равона гардидаанд.
«Мо комилан муътақидем, ки ҳамкории пурсамари минтақавӣ метавонад ба такягоҳи муҳими ташаккули шарикии глобалӣ дар мубориза алайҳи мухаддирот табдил гардад», – иброз дошт Назаров.
Дар суханронии худ ӯ ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ташаббусҳои кишвар дар ин самт, вазъи кунунии мухаддирот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин пешгӯиҳои вазъ дар солҳои 2013-2014 ҷалб намуд.