Айни замон роҳбарони мақомоти асосии қудратии Тоҷикистон дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ қарор доранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти қудратии кишвар маълум шуд, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов муддати се рӯз аст, ки дар Бадахшон қарор дорад. Ӯ бо сокинони вилоят як қатор вохӯриҳо анҷом дода, дар онҳо масъалаи таҳкими риояи қонун дар минтақа баррасӣ шудааст.
Ғайр аз ин, рӯзи панҷшанбе вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов ва вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев низ озими Бадахшон шудаанд. Онҳо дар Хоруғ бо роҳбарони макомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратии вилоят машварати фаврӣ барпо карда, масоили марбут ба ҷараёни таслими силоҳ ва мубориза бо ҷинояткориро баррасӣ хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки 24-уми июли соли равон дар ВМКБ амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ оид ба нест кардани гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки дар куштори сардори Раёсати КДАМ дар Бадахшон генерал А.Назаров даст доштанд, оғоз гардид. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёти мазкур 13 нафар кормандони макомоти қудратӣ ва 30 тан ҷангиёни ҷинояткор ҳалок шуда, боз 40 нафар ҷангиён боздошт гардиданд. Пас аз амалиёт ҷараёни таслими силоҳ оғоз гардида, аз аҳолӣ ба миқдори зиёд аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ мусодира шуд.
Пас аз як моҳ, 22-юми август бо сабабҳои то ҳанӯз номаълум яке аз пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ Имомназар Имомназаров дар манзили зисташ кушта шуд. Айни замон ду нафар қумондонҳои саҳроӣ – Толиб Айёмбеков ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров таҳти шарти тарк накардани маҳалли зист қарор доранд.