Дар шаҳри Маскав боз як ҷисми сарбуридаи шаҳрванди 24-солаи тоҷик, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Аҳтамшо Шарифов дарёфт шуд.
Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия хабар доданд, ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон аввали моҳи октябр дар назди яке аз биноҳои якошёнаи техникӣ, дар гузаргоҳи Заревои пойтахти Русия дарёфт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 28-солаи шаҳри Маскав Алексей Суворов боздошт гардида, нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
«Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Маскав мунтазам бо мақомоти тафтишот дар тамос буда, ҷараёни таҳқиқи ҳодисаро пайгирӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, ки сафорат ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкурро таҳти назорат қарор додааст.