Намояндаи минтақавии тозатаъини Раёсати СММ оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Александр Сичёв рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон бо сафари кории нахустин ба Тоҷикистон меояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафар А.Сичёв бо чанде аз роҳбарони вазорату идораҳои ҶТ, созмонҳои байнулмилии СММ дар Душанбе, намояндагони сафоратхонаҳои Ҷопону ИМА дар Тоҷикистон ва ҳамчунин директори АНМН генерал-лейтенати милиса Рустам Назаров дидору гуфтушунид хоҳад кард.
Гуфта мешавад, дар мулоқоту гуфтушунидҳо баррасии дурнамои ҳамкориҳо дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар назар аст. Ин сафари аввалини кори А.Сичёв ба ҳайси Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ мебошад.