Дар доираи амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ таҳти унвони «Кӯкнор-2012» як гурӯҳи иборат аз 30-нафараи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба минтақаи ҷанубу шарқи ҷумҳурӣ фиристода шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Агентии мазкур Бунафша Одинаева хабар дод, дар ин минтақа дар баробари корҳои фаврӣ чорабиниҳои огоҳ сохтани аҳолӣ аз таъсири номатлуби маводи мухаддир ва таблиғи тарзи ҳаёти солим низ сурат мегиранд.
Ба қавли вай, бо мақсади ноил гардидан ба фаъолияти пурсамари ҳукуматҳои шаҳру навоҳии минтақа зимни кор бо аҳолӣ ва бахусус наврасону ҷавонон дар ин самт, ҷаласаҳои Шӯроҳои маҳаллии ҳамоҳангсоз оид ба суистеъмоли маводи нашъаовар низ доир мегарданд.
«Дар семоҳаи чоруми соли равон баргузор намудани ба ин монанд чорабиниҳо дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд низ дар назар аст», – афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки амалиёти «Кӯкнор-2012» моҳи июни соли равон оғоз гардида, то ахири моҳи ноябр идома меёбад.