Рашт: зан бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб партофт

Asia-Plus

Зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғарми ноҳияи Рашт бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб партофт.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, ин ҳодисаи фоҷеабор нимаи рӯзи 16 август рух додааст.

Наҷотбахшони Кумита дар минтақаи навоҳии Рашт ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, таъҷилан ба ҷустуҷӯи ҷасадҳо оғоз карданд.

“Шаш километр поинтар аз ҷойи ҳодиса, дар қаламрави деҳаи Новдонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ҷасади духтарчаи 3-сола дарёфт шуд”, – иттилоъ дод Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ҷустуҷӯи ҷасади зан ва ду кӯдаки дигари ӯ – писари 9-сола ва духтарчаи 6-солааш идома дорад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳқиқи ин ҳодиса машғуланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...