Ҳосили «тиллои сафед» дар ҳоли талафёбист

            Хуҷанд. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Донишҷӯёни тамоми макотиби олӣ, коллеҷҳо ва мактабҳои миёнаи миёнаи махсуси вилояти Суғд муддати як моҳ ба деҳқонон дар ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед» ёрӣ хоҳанд расонд. Аз маркази таҳлиливу иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ин хусус раҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии […]

Мавлуда Рафиева



           

Хуҷанд. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Донишҷӯёни тамоми макотиби олӣ, коллеҷҳо ва мактабҳои миёнаи миёнаи махсуси вилояти Суғд муддати як моҳ ба деҳқонон дар ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед» ёрӣ хоҳанд расонд. Аз маркази таҳлиливу иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ин хусус раҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии пахтакори вилоят тавофуқ ҳосил кардаанд.





           

Аз аввалинҳо шуда донишҷӯёни соли аввали таҳсили Донишкадаи металлургияи кӯҳии Тоҷикистон ба кӯмаки пахтакорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шитофтанд ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии дигар то 22-уми сентябр ба пахтачинӣ сафарбар карда мешаванд. Ба пахтачинӣ донишҷуёни курсҳои 1,2 ва 3-ум ҷалб карда мешаванд, ки шумораи онҳо ба 6 ҳазор нафар баробар аст.




           

Соли равон тибқи нақша кишоварзони вилоят бояд 172 ҳазору 100 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Феълан ба хирманҳо ҳамагӣ 14 ҳазору 466 тонна ҳосили пунбадона рехта шудааст, ки 8,41 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.