Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамгиройии кишварҳо аз наздикшавии фарҳанг, адабиёт ва илму маърифат сарчашма мегирад

Пуғус. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар Анҷумани III -уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мо ин анҷуманро як рӯйдоди муҳиме на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми давлатҳои аъзои иттиход низ арзёбӣ менамоем. Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки ҳамгиройии […]

Аваз Юлдошев


Пуғус. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар Анҷумани


III


-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мо ин анҷуманро як рӯйдоди муҳиме на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми давлатҳои аъзои иттиход низ арзёбӣ менамоем.




Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки ҳамгиройии кишварҳо аз наздикшавии фарҳанг, адабиёт ва илму маориф сарчашма мегирад. «Ин ҳақиқатро равандҳои ҳамгиройии 50 соли ахир дар Аврупо, ки ба таъсиси Иттиҳодит Аврупо боис гаштанд, собит карданд», – таъкид сохт Э.Раҳмон.



Ба гуфтаи президент, робитаҳои фарҳангии кунунӣ миёни кишварҳои иттиҳод ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест ва феълан аксари китобҳое, ки дар кишварҳои ИДМ ба нашр мерасанд, дастраси кишварҳои дигар шуда наметавонанд. Э.Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки масоили дар анҷуман баррасишуда ба густариши на танҳо робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, балки ба рушди ҳамкориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ низ мусоидат хоҳад кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.