Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо мерасонанд

Душанбе. 18-уми сентябр – Роҳбарони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират 19-уми сентябр дар шаҳри Минск лоиҳаи Ёддошти ҳусни тафоҳум ва ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират имзо хоҳанд кард. Ёддошт асосҳои ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират, аз чумла, мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон пешбинӣ мекунад. Имзои он ба истифодаи […]

АМИТ «Ховар»


Душанбе. 18-уми сентябр – Роҳбарони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират 19-уми сентябр дар шаҳри Минск лоиҳаи Ёддошти ҳусни тафоҳум ва ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират имзо хоҳанд кард. Ёддошт асосҳои ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират, аз чумла, мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон пешбинӣ мекунад.




Имзои он ба истифодаи таҷриба ва кӯмакҳои Созмони байнулмилалии муҳоҷират барои такмили заминаи қонунӣ дар соҳаи муҳоҷират шароит муҳайё месозад. Ба ин васила имкониятҳои созмон барои омӯзиши ҳамаҷонибаи кормандони мақомоти дахлдор, тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳои мутахассис ва пешгирии ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар маросими имзои лоиҳаи меморандум директори генералии Созмони байнулмилалии муҳоҷират Брансон Маккинли ва раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат меварзанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.