Дар Қайроққум оид ба таъсиси Эътилофи ТҒД-и Осиёи Марказӣ ва Русия дар масоили пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ созишнома ба имзо расид

Хуҷанд. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар вилояти Суғд Ҳамоиши дурӯзаи байнулмилалии Ташкилотҳои ғайриҳукуматии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия оид ба масоили пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, дифоъ аз ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва мубориза бо падидаи харидуфурӯши одамон ба анҷом расид. Ҳуқуқшиноси Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсони шаҳри Хуҷанд Афзалхон Алимов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ […]

Мавлуда Рафиева


Хуҷанд. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар вилояти Суғд Ҳамоиши дурӯзаи байнулмилалии Ташкилотҳои ғайриҳукуматии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия оид ба масоили пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, дифоъ аз ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва мубориза бо падидаи харидуфурӯши одамон ба анҷом расид.




Ҳуқуқшиноси Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсони шаҳри Хуҷанд Афзалхон Алимов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳамоиш бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо, ба роҳ мондани робитаҳои тоза дар сатҳи байнулмилалӣ, таъсиси шабакаҳои нави ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар соҳаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҳлили оқибатҳои ногувори он барои кишвари қабулкунанда доир гашт.



Дар кори ҳамоиш намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва шабакаҳои он аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ширкат варзида, аз рӯи натиҷаҳои он оид ба таъсиси Эътилофи ташкилотҳои ғайриҳукуматии Осиёи Марказӣ ва Русия дар масоили пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ва мубориза бо падидаи харидуфурӯши одамон созишнома ба имзо расид.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.