Э.Раҳмон: Мо забони русиро на бо талқини Маскав, балки баҳри гуфтугӯ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ меомӯзем

Душанбе. 19-уми сентябр ОИ «Азия-Плюс» – Ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи расмии Анҷумани III -уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бо забони русӣ гуфтушунид мекунем. «Дар Тоҷикистон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забони русӣ ҳатмӣ аст ва мо инро […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 19-уми сентябр ОИ «Азия-Плюс» – Ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи расмии Анҷумани


III


-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бо забони русӣ гуфтушунид мекунем.




«Дар Тоҷикистон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забони русӣ ҳатмӣ аст ва мо инро на бо талқини Маскав, балки барои он амалӣ месозем, ки бо ин забон мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо шарикони худ дар арсаи байнулмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ гуфтугӯву баромад мекунем.», – гуфт ӯ. Сарвари давлат қайд кард, ки донистани забони русӣ барои донишҷӯёну олимон ва дигар намояндагони ҷомеа шароиту имконоти мусоиди шиносоӣ бо дастовардҳои беназири илму фарҳанги ҷаҳонро фароҳам месозад.



Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки бояд сиёсатмадорон баҳри равуои бемалоли олимону зиёиёни кишварҳои иттиҳод дар қаламрави давлатҳо шароити мусоид ба вуҷуд оранд. «Дар наздикшавӣ ва ҳамгиройии халқҳои кишварҳо намояндагони илму фарҳанг саҳми назаррас доранд ва забони русӣ низ дар ин кор аҳамияти махсусро касб кардааст», – таъкид сохт сарвари давлати Тоҷикистон.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.