Дар Душанбе аз Фестивали байнулмилалии ҷавонон «Дизайн-2008» натиҷагирӣ карданд

  Душанбе 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз фестивали байнулмилалии ҷавонони «Дизайн-2008», ки дар ҳошияи баргузории Ҳамоиши III -уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви ИДМ аз 17 то 19-уми сентябр доир гашт, натиҷагирӣ мекунанд.   Раиси Иттифоқи ороишгарони Тоҷикистон Ҷамшед Ғаниев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки фестивал аз 2 […]

Наргис Ҳамробоева

 


Душанбе 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –


Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз фестивали байнулмилалии ҷавонони «Дизайн-2008», ки дар ҳошияи баргузории Ҳамоиши


III


-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви ИДМ аз 17 то 19-уми сентябр доир гашт, натиҷагирӣ мекунанд.





 

Раиси Иттифоқи ороишгарони Тоҷикистон Ҷамшед Ғаниев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки фестивал аз 2 барнома – озмунӣ ва ғайриозмунӣ иборат буда, дар байни донишҷӯён ва мутахассисон гузаронида шуд.



Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯбаи барномаи фестивал озмуни корҳои беҳтарин дар тарроҳиву ороиши сарулибос, дафтари корӣ, аксбардорӣ ва ороиши ҷавоҳирот низ доир гаштанд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар озмуни мӯд мутахассисон аз 8 то 12 ва донишҷӯён аз 3 то 5 кори худро пешкаш кардан два дар ин озмун Тоҷикистонро ороишгарону чеварони шинохта Р.Шералиева, М.Ҳамроева, Н.Бекназаров ва Б.Эмомов намояндагӣ хоҳанд кард.



Котиби масъули лоиҳа Гамила Абдурауфова хабар медиҳад, ки барои иштирок дар фестивал 80 дархостнома қабул карда шудааст Интизор меравад, ки дар барномаҳои ғайриозмунӣ намояндагони Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон корҳои худро ба маърази тамошо мегузоранд. Озмуни асосӣ ва ниҳоии мӯд имрӯз дар Маркази Вефа доир гашта, дар анҷоми он ғолибон муайян карда мешаванд.



Фестивал аз ҷониби Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ва Иттифоқи ороишгарони Тоҷикистон созмон дода шудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.