Дар пойтахти Фаронса мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ доир шуд

Душанбе. 20-уми сентябр – Аслан, баргузории нишасти ҳайъатҳои воломақоми ду минтақа аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷонибҳо ҳассосияту аҳамияти равобити байниҳамдигариро дарк мекунанд. Иттиҳоди Аврупо ба захираҳои саршори маводи сӯхти Осиёи Марказӣ назар афкандааст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, ташнаи эътирофи байналмилалӣ мебошанд.   Дар рушди ин равобит ду кишвар: Русия ва Афғонистон нақши бузург доранд. […]

ozodi.org


Душанбе. 20-уми сентябр – Аслан, баргузории нишасти ҳайъатҳои воломақоми ду минтақа аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷонибҳо ҳассосияту аҳамияти равобити байниҳамдигариро дарк мекунанд. Иттиҳоди Аврупо ба захираҳои саршори маводи сӯхти Осиёи Марказӣ назар афкандааст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, ташнаи эътирофи байналмилалӣ мебошанд.

 

Дар рушди ин равобит ду кишвар: Русия ва Афғонистон нақши бузург доранд.




Иттиҳоди Аврупо аз доштани равобити наздик бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дорои захираи бузурги нафту газ мебошанд, нафъ хоҳад бардошт. Вале барои расидан ба ин ҳадаф Иттиҳоди Аврупо бояд мамолики Осиёи Марказиро мутмаин кунонад, ки ба фишорҳои Русия сар хам накарда, имконоти зарурӣ барои содироти нафту газ тавассути Ҷануби Қафқоз ба Аврупоро тавсеа бахшанд.



Бахши асосии Стратегияи Осиёи Марказии Иттиҳодияи Аврупо, ки соли 2007-ум таҳти сарварии Олмон таҳия шудааст, ба ҳамин ду мавзӯъ: ниёзмандиҳои энергетикии Аврупо ва амнияти Осиёи Марказӣ бахшида шудааст.



Ҳамаи вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз вазъи Афғонистон нигарон буданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хамроҳхон Зарифӣ баъди анҷоми нишаст ба хабарнигорон гуфт:



“Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи муштараки бузург дорад, дар робита бо ҳамсояи наздиктаринаш сиёсати хосе ихтиёр намудааст. Мо бо ин ҳамсояи ҳамзабонамон таърихи муштарак дорем ва барои мо назму суботи Афғонистон бо назму суботи кишварамон ҳаммаъно мебошад.”



Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ аз нооромии Афғонистон азият мекашанд. Бахши бузурги маводи мухаддири Афғонистон, ки 93% содироти ҷаҳониро ташкил медиҳад, тавассути Осиёи Марказӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ содир мешавад.



Вале хатари ҷиддие, ки ба ҳукуматҳои худкомаи минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад, ки ифротгароии исломист, ки дар Афғонистон заминаи рушд дорад. Дар нишасти Порис ҳеҷ яке аз вазирони Осиёи Марказӣ ифротгароии исломиро ёд накарданд, аммо солҳои ахир таъқиби гурӯҳҳои исломӣ ҳар чӣ бештар дар Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба қайд гирифта шудаву, Қазоқистону Қирғизистон низ аз ин падида масъуният надоранд. Хуллас, боздоштани таҳдиде, ки аз Афғонистон бармехезад, ҳам барои Иттиҳоди Аврупо ва ҳам барои Осиёи Марказӣ аҳаммияти бештар касб мекунад.



Вазири корҳои хориҷии Фаронса эътироф кард, ки баҳси арзишҳои муштаракро метавон дурнамои баъид номид:



“Ҳуқуқи башар роҳи дарозе дар пеш дорад. Мо дар як марҳила нестем ва ҳама умед дорем, ки ҳуқуқи башарро ҳадафи асосии сиёсатамон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кунем, вале роҳе, ки онҳо муддатҳои тӯлонӣ пеш гирифта буданд, аз роҳи пешгирифтаи Иттиҳоди Аврупо фарқ дорад”.



Кушнер афзуд, ки дар нишаст номҳои маҳбусони сиёсии Узбакистону Туркманистон хотирнишон шуданд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дар нишасти матбуотии поёни мулоқот ҳузур надошт. Бар илова, бо ташаббуси созмони ғайридавлатии «Рӯзноманигорони бидуни марз» дар назди сафорати Туркманистон дар Фаронса гирдиҳамоӣ барпо шуд ва ширкаткунандагон талаб

 

карданд, ки мақомоти туркман дар бораи рӯзноманигорон маҳбус маълумот диҳанд. Соли 2006-ум хабарнигори радиои Озодӣ Оқилсафар Муродова дар зиндон ба ҳалокат расид.



Билохира, аксари аъзои Иттиҳоди Аврупо эътироф мекунанд, ки муколама мустақиман маънои афзоиши нуфузро надорад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.