Дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе корҳои таъмир анҷом меёбанд

Аваз Юлдошев

Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе корҳои таъмир босуръат идома доранд ва нимаи моҳи октябр ба анҷом мерасанд. Дар ин бора сармуҳандиси марказ Раҳматулло Қаландаров хабар дода, илова намуд, ки барои аз таъмир баровардани марказ ширкати «Барқи тоҷик»   беш аз 3 млн. 200 ҳазор сомонӣ маблағ ихтисос додааст. […]


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе корҳои таъмир босуръат идома доранд ва нимаи моҳи октябр ба анҷом мерасанд. Дар ин бора сармуҳандиси марказ Раҳматулло Қаландаров хабар дода, илова намуд, ки барои аз таъмир баровардани марказ ширкати «Барқи тоҷик»

 

беш аз 3 млн. 200 ҳазор сомонӣ маблағ ихтисос додааст.




«Шояд дар даҳаи аввали моҳи декабр марказ ба истеҳсоли барқу гармӣ шурӯъ намояд», – изҳор дошт манбаъ. Сармуҳандиси марказ таъкид сохт, ки соли равон марказ танҳо бо сӯзишвории мазут фаъолият хоҳад кард, зеро нархи маводи сӯзишвонрии дигар – газ хеле гарон аст.



Ба гуфтаи сармуҳандис, пас аз анҷоми корҳои таъмир, марказ қодир хоҳад гашт, ки дар як соат 180 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ ва 270 гигакалорий гармӣ истеҳсол кунад.



Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки дар марказ беш аз 10 тонна мазут захира карда шуда, рӯзҳои наздик аз Эрону Туркманистон боз 60 вагони дигар аз ин сӯзишворӣ оварда мешавад.



Ёдрас мекунем, ки дар марказ корҳои таъмирӣ дар чунин ҳаҷм муддати чаҳор сол бори

 

нахуст гузаронида мешаванд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ду хабарнигори “Азия-Плюс” – Меҳрофарин Наҷибӣ ва Пайрав Чоршанбиев барандаи ҷойҳои аввали озмуни “Иқтисод ва саводи молиявӣ: забоне, ки ҳама мефаҳманд” шуданд ва Олга...

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду нафар барои аз таҳсил дур кардани фарзандонашон

Онҳо кӯдаконашонро ба Русия бурдаанд, ки дар натиҷа, тифлон чанд сол аз таҳсил дур мондаанд.