Ғолиби нахустини мусобиқоти тенниси наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон муайян шуд

Валентина Кондрашова

            Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқоти байнулмилалии тенниси наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон ба анҷом мерасад ва то ин дам аллакай ғолиби нахустини ин мусобиқот муайян шуд.             Муовини раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон Ибод Шарифӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар мусобиқоти инфиродӣ байни писарон варзишгари тоҷик […]




           

Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқоти байнулмилалии тенниси наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон ба анҷом мерасад ва то ин дам аллакай ғолиби нахустини ин мусобиқот муайян шуд.







           

Муовини раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон Ибод Шарифӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар мусобиқоти инфиродӣ байни писарон варзишгари тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад дар қувваозмоии ниҳоӣ ба теннисбози ӯзбекистонӣ Тимур Ҳабибуллин бо ҳисоби 2 бар 0 ғолиб омада, соҳиби ҷом гардид. Ғолибони дигари мусобиқот шоми имрӯз муайян карда мешаванд.






           

Ба ҳашт нафар теннисбози беҳтарин ва чор ҷуфти варзишгарон, ки ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд, мукофотҳо дода мешаванд. Мукофоти асосии мусобиқа Ҷоми Президент ва 1000 доллари ИМА мебошад.






           




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду нафар барои аз таҳсил дур кардани фарзандонашон

Онҳо кӯдаконашонро ба Русия бурдаанд, ки дар натиҷа, тифлон чанд сол аз таҳсил дур мондаанд.