Дар Душанбе ба муносибати 950-умин солгарди мутафаккири бузурги форсу тоҷик Муҳаммади Ғаззолӣ конфронс баргузор мешавад

Далер Ғуфронов

Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар Маркази тадқиқотии стратегии назди президенти Тоҷикистон дар мавзӯи «Ризоият ва гуфтугӯи тамаддунҳо: таърих ва замони муосир» конфронси байнулмилалӣ баргузор мешавад. Аз маркази номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки   конфронс ба муносибати 950-умин солгарди мутафаккир ва файласуфи бузурги форсу тоҷик Абӯҳамид Муҳаммади Ғаззолӣ […]


Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар Маркази тадқиқотии стратегии назди президенти Тоҷикистон дар мавзӯи «Ризоият ва гуфтугӯи тамаддунҳо: таърих ва замони муосир» конфронси байнулмилалӣ баргузор мешавад.




Аз маркази номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки

 

конфронс ба муносибати 950-умин солгарди мутафаккир ва файласуфи бузурги форсу тоҷик Абӯҳамид Муҳаммади Ғаззолӣ доир мегардад. Он бо дастгирии мушовир оид ба фарҳанги сафорати Эрон дар Тоҷикистон созмон дода шудааст.



Бино ба иттилои манбаъ, дар кори конфронс намояндагони доираҳои илмии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Эрон ва Афғонистон ширкат варзида, дар бораи ҳаёту эҷодиёт ва осори Муҳаммади Ғазолӣ табодули афкор хоҳанд намуд.



Қобили зикр аст, ки


ақидаҳо ва ғояҳои фалсафии Ғазолӣ бо вуҷуди гузаштани асрҳои тӯлонӣ имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. ЮНЕСКО дар иҷлосияи 34- уми худ 27 октябри соли 2007 қарори махсус қабул намуд, ки мувофиқи он 950 – солагии Муҳаммади Ғаззолӣ дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
PGlmcmFtZSAKICAgIHNyYz0iaHR0cHM6Ly9vbGQuYXNpYXBsdXN0ai5pbmZvL3JodG1sNS9vYml6dWxvbC8yMDI2MDIyN0EzMDIvIiAKICAgIHdpZHRoPSIyOTUiIAogICAgaGVpZ2h0PSI1MDAiIAogICAgZnJhbWVib3JkZXI9IjAiIAogICAgc2Nyb2xsaW5nPSJubyIgCiAgICBzdHlsZT0iYm9yZGVyOiBub25lOyBtYXgtd2lkdGg6IDEwMCU7IGhlaWdodDogNTAwcHg7Ij4KPC9pZnJhbWU+

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду нафар барои аз таҳсил дур кардани фарзандонашон

Онҳо кӯдаконашонро ба Русия бурдаанд, ки дар натиҷа, тифлон чанд сол аз таҳсил дур мондаанд.

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.