Дар даҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ беш аз панҷ тонна маводи мухаддир мусодира карда шуд

            Душанбе. 11-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи даҳ моҳи соли ҷорӣ мақомоти дахлдори Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаву 212 килову 895 грамм маводи мухаддир му содира карданд.             Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз ин миқдор 1 тоннаву 499 килову 326 граммаш ҳероин, […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 11-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи даҳ моҳи соли ҷорӣ мақомоти дахлдори Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаву 212 килову


895 грамм

маводи мухаддир му содира карданд.





           

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз ин миқдор 1 тоннаву 499 килову 326 граммаш ҳероин, 1 тоннаву 698 килову 467 грамми он афюн ва 2 тоннаву 14 килову 93 грамми он маводи мухаддири гурӯҳи каннабис аст.




           

Ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давраи соли гузашта аз ҷониби мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ беш аз 4 тонна маводи мухаддир мусодира карда шуда буд, ки 1 тоннаву 382 килои онро маводи сахттаъсири ҳероин ташкил медод.




           

Тибқи маълумоти агентӣ, соли равон аз ҷониби ин мақомот нисбат ба ашхоси қонуншикан дар мавриди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 85 парвандаи ҷиноӣ боз гардида, 67-тои он барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.




           

Дар ин давра дар оташдонҳои махсуси агентӣ 604 килову

439 грамм

маводи мухаддир сӯзонида шудаанд. Манбаъ афзуд, ки дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар хориҷи кишвар ба ҷурми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 227 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.