Дар Маскав зери боми фурӯрафта шаҳрвандони тоҷик ба ҳалокат расиданд

Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ному насаби ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки бар асари фурӯ рафтани боми як сохтмон дар кӯчаи Староконюшенскийи шаҳри Маскав ҳалок гардиданд, аллакай муайян гардидааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» телефонӣ аз шаҳри Маскав Раиси Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” Каромат Шарифов хабар дод, инҳо сокинони шаҳраки Норак Камолиддин Ғафурови 26-сола ва […]

Шавкат Раҳматуллоев


Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ному насаби ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки бар асари фурӯ рафтани боми як сохтмон дар кӯчаи Староконюшенскийи шаҳри Маскав ҳалок гардиданд, аллакай муайян гардидааст.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» телефонӣ аз шаҳри Маскав Раиси Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” Каромат Шарифов хабар дод, инҳо сокинони шаҳраки Норак Камолиддин Ғафурови 26-сола ва Рустам Боймуродзодаи 33-сола мебошанд.



Ба гуфтаи Шарифов, ҳоло кофтукови боз ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба эҳтимоли зиёд зери шикастпораҳои бино қарор доранд идома дорад. «Номи яке аз онҳо Кароматулло буда, аз ноҳияи Ваҳдат мебошад», – гуфт Шарифов.




 

Ёдрас мекунем, ки боми ин манзили қадимии 6-ошёна ду рӯз пеш фурӯ рафт. Он замон 6 нафар, аз ҷумла 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 шаҳрванди Русия дар дохили бино будаанд. Гурӯҳҳои наҷотбахш аз зери харобаҳои боми фурӯрафта ҷасади шаҳрвандони Русияро низ берун кашидаанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.