Г.Бозорова: Бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба коҳиши ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон боис хоҳад гашт

Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳбари Кумитаи иқтисод, буҷа, молия ва андози Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон – Гулчеҳра Бозорова бар ин назар аст, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ бар хилофи тасаввури бархе аз коршиносону таҳлилгарон барои иқтисоди кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла Тоҷикистон метавонад оқибатҳои нохуш ва ҳатто андӯҳгин дошта бошад.   Зимни […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳбари Кумитаи иқтисод, буҷа, молия ва андози Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон – Гулчеҳра Бозорова бар ин назар аст, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ бар хилофи тасаввури бархе аз коршиносону таҳлилгарон барои иқтисоди кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла Тоҷикистон метавонад оқибатҳои нохуш ва ҳатто андӯҳгин дошта бошад.





 

Зимни сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» хонум Бозорова гуфт, ки бӯҳрони молии сартосарӣ ба иқтисоди ҳамаи кишварҳои шӯравии собиқ таъсир хоҳад кард, вале ин таъсир дар ҳар кишвар дараҷа ва оқибатҳои гуногун хоҳад дошт. Ба ақидаи ӯ, аз ҳама беш мамлакатҳои тараққикарда зиёни молӣ мебинанд.



Тибқи пешгӯии Бозорова, дар пайи бӯҳрони молӣ, ҳаҷми сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон кам гардида, нархи маҳсулоти ғизоӣ боло хоҳад рафт. Ҳамзамон пули миллӣ қурби худро аз даст дода, қарздиҳӣ аз тарафи бонкҳои кишвар кам мегардад. Вакили парлумон ҳамчунин мӯътақид аст, ҳаҷми маблағҳое, ки муҳоҷирони кории мо аз хориҷа мефиристанд, коҳиш ёфта, шумори оилаҳои камбизоат дар кишвар афзоиш хоҳад ёфт.



Гулчеҳра Бозорова инчунин гуфт, ки барои тахфифи мавҷи бӯҳрон, ҳукумати кишвар бояд захираҳои давлатиро самаранок истифода бурда, қисмати даромади буҷаро тариқи пардохт аз андоз зиёд кунад ва сармояву кӯмаки хориҷиро ҷалб намояд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.