Нотаи Вазорати умури хориҷии ҶТ ба Русия

            Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон дар наздикии шаҳри Маскав ба ваколатдори муваққатии корҳои Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний нотаи эътирозӣ супурд.             Тавре аз сарчашмаҳои мӯътамад ба ОИ «Азия-Плюс» маълум шуд, дар санад перомуни афзоиши тамоили сӯиқасд ба ҷони муҳоҷирони тоҷик, […]

Баҳром Маннонов



           

Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон дар наздикии шаҳри Маскав ба ваколатдори муваққатии корҳои Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний нотаи эътирозӣ супурд.





           

Тавре аз сарчашмаҳои мӯътамад ба ОИ «Азия-Плюс» маълум шуд, дар санад перомуни афзоиши тамоили сӯиқасд ба ҷони муҳоҷирони тоҷик, ки муваққатан дар қаламрави Русия қарор доранд, изҳори нигаронӣ карда шудааст.




           

Ба иттилои манбаъ, дар нота вазорати умури хориҷӣ таъкид сохтааст, ки ҳодисаҳои мазкур бештар дар заминаҳои ксенофобия, бадбинии нажодӣ ва миллатгароӣ сурат мегиранд. «Дар нота қайд шудааст, ки тамоили таҳаммулнопазирӣ ҳарчи бештар дар шаклҳои бераҳмона зоҳир гашта, унсурҳои ҷинояткор муҳоҷирон ва донишҷӯёнро латукӯб менамоянд, ки дар аксари маврид ҷабрдидагон ба ҳалокат мерасанд», – гуфт манбаъ.




           

Тибқи маълумоти борҳо интишорнамудаи ВАО-и гуногун, аз оғози соли равон дар қаламрави Русия беш аз 600 нафар шаҳрванди Тоҷикистон фавтидааст, ки беш аз 80 нафари онҳо дар аксари маврид аз ҷониби гурӯҳҳои миллатгаро бо бераҳмии махсусу ваҳшиёна кушта шудаанд.




           

«Ҷиноятҳои содирнамуда нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон боиси хашму ғазаб ва вокуниши манфии ин ҷониб шудааст», – зикр кард мусоҳиби ОИ «Азия-Плюс» ва афзуд, ки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ин падидаҳоро нодида гирифта, дар ошкор сохтани содиркунандагони ҷиноёти мазкур бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир месозанд. Дар нота аз мақомоти Русия даъват ба амал оварда шудааст, ки дар ошкор сохтани ҷиноёти содиршуда нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон чораҳои қатъӣ андешида шавад.



Ёдрас мекунем, ки шоми 6-уми декабри соли ҷорӣ дар наздикии шаҳри Маскав ҷасади сарбуридаи шаҳрванди Тоҷикистон – Салоҳиддин Азизови 20-сола пайдо шуд. Дар таърихи 8-уми декабр дар шабакаи Интернет хабаре паҳн шуд, ки масъулияти ин кушторро гурӯҳи ба ном «Созмони ҳарбии миллатгароёни рус» ба дӯши худ гирифтааст. Дар изҳороти ин созмон гуфта мешавад, ки «ин мӯъҷизаро барои мансабдорони

 

Маскав русҳое, ки дигар ба ҳузури намояндагони қабилаҳои ғайр дар шаҳрашон сабру тоқат надоранд, тайёр кардаанд».


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.