Дар Душанбе масоили дастоварду камбудиҳои риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ мешаванд

Шонаврӯз Афзалшоев



           

Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Дастовард ва камбудиҳои риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» семинари дурӯза ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, ВКХ ҶТ, дафтари Комиссари Олии СММ оид ба риояи ҳуқуқи инсон, Дафтари риояи ҳуқуқи инсон ва Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсони Дания созмон дода шудааст.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷиҳати иштирок дар кори семинар намояндагони як қатор сохторҳои давлатии марказиву маҳаллӣ ва созмонҳои ҷамъиятии машғул ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон даъват шудаанд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар семинар чунин ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, аз қабили масоили озодии эътиқод, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, гурезагон ва аққалиятҳои миллӣ ба моликият, ҳуқуқ ба мурофиаи адолатноки судӣ, ҳуқуқҳои экологӣ, ислоҳоти низоми ҳуқуқ ва адлия, таъмини баргузории интихоботи озод ва шаффоф, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.




           

Зикр гардид, ки ин семинар марҳилаи омодагӣ барои иштирок дар

 

Машварати иҷрои ӯҳдадориҳо аз рӯи баҳодиҳӣ ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки аз 28-уми сентябр то 9-уми октябр дар шаҳри Варшава баргузор мешавад ва дар кори ин семинар бо мусоидати Дафтари САҲА дар ҶТ ҳайати ҷумҳурӣ низ ширкат хоҳад варзид.

 



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?

Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?

Агар фурӯшанда бо ҳуҷҷат сохтори нархро тасдиқ карда тавонад, ӯро фақат барои гӯшти гови “гарон” ҷарима бастан имкон надорад.