Боздошти як тан аз фаъолони ҳаракатҳои тундгарои исломии Тоҷикистон дар Маскав

Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Кормандони шӯъбаи фаврии Хадамоти федеролии амнияти Русия дар гузаргоҳи Большой Киселнии шаҳри Маскав як зани 35-сола, шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони узви фаъол будан дар яке аз ҳаракатҳои тундгарои исломии Тоҷикистон боздошт намуданд. Тавре агентии иттилоотии «Балтинфо» хабар медиҳад, ин зан ҳанӯз соли 2006 аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон ба гумони […]

Расул Шодон

Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Кормандони шӯъбаи фаврии Хадамоти федеролии амнияти Русия дар гузаргоҳи Большой Киселнии шаҳри Маскав як зани 35-сола, шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони узви фаъол будан дар яке аз ҳаракатҳои тундгарои исломии Тоҷикистон боздошт намуданд.

Тавре агентии иттилоотии «Балтинфо» хабар медиҳад, ин зан ҳанӯз соли 2006 аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар даъватҳои бо роҳи зӯроварӣ иваз намудани сохти конститутсионии кишвар ва ташкили давлати исломӣ таҳти пайгарди қонунӣ эълон гардида буд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон ӯ дар яке аз тавқифгоҳҳои пулиси шаҳри Маскав қарор дошта, маводҳо ҷиҳати ҳалли масъалаи истирдоди ӯ ба Прокуратураи генералӣ супурда шудаанд. Чунин қарорро суд қабул хоҳад кард. Тибқи таҷрибаи мавҷудаи байнулмилалӣ, истирдоди шахсони гумонбар ба содир кардани ҷиноёти сиёсӣ пешбинӣ нашудааст. Қобили зикр аст, ки Шартнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ то ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.