Боздошти беш аз 400 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Маскав

Asia-Plus

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар қаламрави фурудгоҳи «Биково»-и вилояти Маскав беш аз 400 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт шуданд. Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» бо истинод ба раёсати нақлиёти ВКД дар ҳавзаи федералии марказӣ, маълум шудааст, ки дар қаламрави фурудгоҳи «Биково» шаҳрвандони хориҷӣ, зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳангоми санҷиши ин маълумот […]

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар қаламрави фурудгоҳи «Биково»-и вилояти Маскав беш аз 400 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт шуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» бо истинод ба раёсати нақлиёти ВКД дар ҳавзаи федералии марказӣ, маълум шудааст, ки дар қаламрави фурудгоҳи «Биково» шаҳрвандони хориҷӣ, зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳангоми санҷиши ин маълумот беш аз 400 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт шудаанд.

Амалиёти боздошт аз ҷониби Хадамоти федералии амнияти Русия дар ҳамдастӣ бо Раёсати хадамоти федералии муҳоҷират доир карда шудааст. Гуфта мешавад, боздоштшудагон дар қаламрави Русия бидуни иҷозатномаи махсус иқомат дошта, феълан масъалаи хориҷ кардани онҳо мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. «Аз шумори умумии боздоштшудагон 150 нафарашон асноди зарурии иҷозати кору иқомат дар қаламрави Русияро надоранд», – зикр мегардад дар иттилои хабаргузорӣ.

Қобили зикр аст, ки 27-уми июли соли равон низ дар ҷангали қисмати ғарбии наздикии Маскав кормандони пулис 72 нафар муҳоҷирони ғайриқонуниро боздошт намуда буданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ду хабарнигори “Азия-Плюс” – Меҳрофарин Наҷибӣ ва Пайрав Чоршанбиев барандаи ҷойҳои аввали озмуни “Иқтисод ва саводи молиявӣ: забоне, ки ҳама мефаҳманд” шуданд ва Олга...

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду нафар барои аз таҳсил дур кардани фарзандонашон

Онҳо кӯдаконашонро ба Русия бурдаанд, ки дар натиҷа, тифлон чанд сол аз таҳсил дур мондаанд.