Эмомалӣ Раҳмон: Нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» рамзи дўстиву ҳамёрӣ ва ҳамкории мост

Дар маросими мавриди бҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташрифи президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро хайра макдам гуфта, аз чӯмла гуфт: «Маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба мо муяссар шуд, ки робитаҳои анъанавии таърихиамонро бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг, алалхусус бо Ҷумҳурии Исломии Эрон барқарор намуда, дар ҳамаи соҳаҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ […]

Asia-Plus

Дар маросими мавриди бҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташрифи президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро хайра макдам гуфта, аз чӯмла гуфт:

«Маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба мо муяссар шуд, ки робитаҳои анъанавии таърихиамонро бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг, алалхусус бо Ҷумҳурии Исломии Эрон барқарор намуда, дар ҳамаи соҳаҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монем.

 Имрўз муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни кишварҳои мо  тадриҷан густариш ёфта, рафтуомади озоди мардум таъмин карда шудааст, ки ин амр ба пешрафти соҳибкориву сармоягузорӣ, инчунин тавсеаи равобити суннатии мо мусоидати фаъол менамояд.

 Дар зарфи даҳ соли охир ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот ва хизматрасониҳо миёни Тоҷикистону Эрон панҷ баробар афзоиш ёфта, танҳо дар давоми панҷ соли охир сармоягузориҳои мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 38 баробар зиёд гардидааст.

 Татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар сохтмони нақби «Истиқлол», бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва густариши ҳамкориҳо дар бахши энергетика гувоҳи рушди афзоянда ва ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон мебошад.

Дар рўзҳои омодагӣ ва истиқболи бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор додани садҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ гувоҳи таҳкими заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари соҳибихтиёри мост.

 ҳукумати мамлакат ҳанўз аз оғози даврони истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаҳои мушаххаси тараққиёти соҳаҳои иқтисоди миллиро тарҳрезӣ ва қабул намуда, иҷрои онҳоро марҳала ба марҳала таъмин карда истодааст.

 Бо ин мақсад ҳадафҳои асосии рушди миллӣ дар се самти муҳим – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ муайян гардида, дар ин ҷода то ба имрўз хеле корҳои азимро ба анҷом расонидем.

 Солҳои охир дар натиҷаи амалишавии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика дар мамлакат зиёда аз 250 нерўгоҳи хурду миёнаи барқи обӣ сохта шуда, бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани нерўгоҳҳои “Помир-1” ва “Сангтўда-1”, хатҳои интиқоли барқи “Лолазор-Хатлон”, “Ҷануб-Шимол” ва “Конибодом-Боткент», зеристгоҳи “Сомонӣ”- и шаҳри Кўлоб ба мо имкон доданд, ки шабакаи ягонаи энергетикии кишварро таъсис дода, дар самти ҳалли  мушкилоти энергетикии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва мардум ба пешрафти назаррас муваффақ гардем.

 Ҳамзамон бо ин, корҳои сохтмону барқарорсозӣдар иншооти азиму стратегии кишвар – нерўгоҳи барқи обии Роғун, инчунин нерўгоҳҳои хурду миёна дар ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Зарафшону Варзобвусъати тоза дошта, дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ то соли 2020-ум боз 190 нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ бояд сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

 Дар ин радиф, ба истифода супоридани навбати аввали  нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-2»  идомаи мантиқии иҷрои стратегияи кишвар аз тариқи сохтмону бунёди нерўгоҳҳои хурду бузург дар роҳи таъмини пурраи истиқлолияти энергетикии мамлакат мебошад.   

 Бояд зикр кард, ки лоиҳаи сармоягузории бунёди яке аз иншооти муҳимтарини кишвар – нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-2», ки санги асоси он 20 –уми феврали соли 2006 гузошта шуда буд, бо маблағгузории муштарак амалӣ шуда истодааст ва намунаи барҷастаи ҳамкориҳои судманди давлатҳои  Тоҷикистону Эрон мебошад.

 Табиист, ки бунёди ҳар як иншоот ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мусоидат менамояд. Хусусан, бунёди ин иншооти энергетикӣ дар баробари таъмини мутахассисону кормандони ноҳияҳои гирду атрофи он бо ҷойи корӣ, инчунин дар беҳтар гардидани таъминоти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат бо қувваи барқи худӣ ҳиссаи арзанда дорад. 

Дар ин рўзҳои фараҳбахш ва сурурангез мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерўгоҳи барқи обии “Сангтўда – 2” бо тавоноии 110 мегаватт ба ҷашни бистсолагии истиқлолияти давлатии кишвари азизамон тўҳфаи арзишманду сазовор мебошад.

 Дар ҳолати пурра ба кор оғоз кардани нерўгоҳ, ки умед дорем вақтҳои наздик амалӣ хоҳад шуд, иқтидори солонаи истеҳсоли нерўи барқ дар мамлакат беш аз як миллиард киловатт соат зиёд мегардад.

Аз ин рў, сарфарозам бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд ва тамоми мардуми шарифи кишвар, инчунин бародарони гиромии эрониамонро ба ин дастоварди муштарак, ки рамзи дўстиву ҳамёрӣ ва ҳамкории мост, табрику  таҳният гўям ва дар рўзҳои ҷашни фархундаи бистумин солгарди истиқлол нуран алонур шудани ин рўйдодҳои таърихиро ба ҳамаи шумо шодбош арз намоям.

Дўстиву садоқат ва ҳамёриву ҳамгироии Эрону Тоҷикистон поянда бод!».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.