Хатлон: Озодии шаҳрванди Туркия аз толори додгоҳ

Дар вилояти Хатлон шаҳрванди Туркия, ки ба қочоқи ашёву чизҳои дорои арзиши фарҳангӣ ва таърихӣ гумонбар мешуд, аз толори додгоҳ озод карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси додгоҳи ноҳияи Қумсангир Иззатулло Табаров хабар дод, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ айб шаҳранди Туркия Солеҳ Ӯзбек мутобиқи моддаи 289, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қочоқ») пурра исботи худро […]

Сайраҳмон Назриев


Дар вилояти Хатлон шаҳрванди Туркия, ки ба қочоқи ашёву чизҳои дорои арзиши фарҳангӣ ва таърихӣ гумонбар мешуд, аз толори додгоҳ озод карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси додгоҳи ноҳияи Қумсангир Иззатулло Табаров хабар дод, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ айб шаҳранди Туркия Солеҳ Ӯзбек мутобиқи моддаи 289, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қочоқ») пурра исботи худро ёфт.

Додгоҳ шаҳранди Туркияро дар ҳаҷми 1008 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳанда – 35 сомонӣ) ҷаримабандӣ кард.

Рӯзи 6-уми июни соли ҷорӣ дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён кормандони гумрук зимни азназаргузаронии бағочи ин шаҳрванд ашёву чизҳоеро пайдо месозанд, ки арзиши таърихиву фарҳангӣ доранд ва дар эъломия зикр наёфтаанд. Аз ҷумла миёни ин чизҳо 96 нусхаи матоъҳо бо гулдузии миллӣ ва якчанд ҷуфт ороишоти занона мавҷуд будаанд.

Шаҳрванди Туркия тавассути қочоқ нияти онҳоро ба хориҷи кишвар бурданӣ дошт. Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, бидуни иҷозатномаи махсуси Вазорати фарҳанг ба хориҷи кишвар интиқол додани онҳо манъ аст. Зимни тафтишоти пешакӣ айби гумонбаршуда пурра исботи худро ёфт. Парвандаи ҷиноӣ ҷиҳати баррасии минбаъда ба додгоҳи ноҳияи Қумсангир фиристода шуда буд.

Ҳимоягари айбдоршаванда Шаниф Ҳаётов дар навбати худ гуфта буд, ки зерҳимояи ӯ ин ашёи таърихиро на ба хотири фурӯш, балки чун тӯҳфа барои хешу ақрабояш харидааст. «Мутаассифона, ӯ намедонист, ки барои интиқоли онҳо ба хориҷи кишвар иҷозатномаи махсуси Вазорати фарҳанг зарур аст», – зикр карда буд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.