Дар Тоҷикистон фаъолияти клубҳои ЮНЕСКО оғоз гардид

Ташкилоти ҷамъиятии «Спешиал Олимпикс Тоҷикистан», Алянси ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон, Маркази таълимии «Мултикид» ва ташкилоти ҷамиятии «Маркази миниатюраи тасвирии «Мино» нахустин клубҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон гардиданд. Рӯзи ҷумъа, 2-юми сентябр раиси Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО Кароматулло Олимов ба сарварони ин ташкилотҳо гувоҳномаи ЮНЕСКО-ро тақдим кард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи […]

Наргис Ҳамробоева


Ташкилоти ҷамъиятии «Спешиал Олимпикс Тоҷикистан», Алянси ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон, Маркази таълимии «Мултикид» ва ташкилоти ҷамиятии «Маркази миниатюраи тасвирии «Мино» нахустин клубҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон гардиданд.

Рӯзи ҷумъа, 2-юми сентябр раиси Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО Кароматулло Олимов ба сарварони ин ташкилотҳо гувоҳномаи ЮНЕСКО-ро тақдим кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО иттилоъ доданд, бо дарёфти ин мақом ташкилотҳои номбурда ихтиёран ба худ ӯҳдадорӣ гирифтаанд, ки тамоми идеалҳои ЮНЕСКО-ро дар фаъолияти ҳамарӯзаашон тарафдорӣ карда, ҳамкории дуҷонибаро бо ин Созмони бонуфузи байналмилалӣ тақвият мебахшанд. Дар баробари ин, ташкилотҳои номбурда кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО-ро дар ҷумҳурӣ тавсеа бахшанд.

Минбаъд клубҳои ЮНЕСКО бо Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар  ҳамкории зич қарор гирифта, лоиҳаву барномаҳои якҷояро дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф таҳия мекунанд. 

Қобили зикр аст, ки ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО соли 1947 дар Ҷопон ташкил гардида, айни ҳол дар тамоми ҷаҳон беш аз 4000 клуб, асотсиатсия ва марказҳои ЮНЕСКО фаъолият мекунанд. Мақсади асосии Клубҳои ЮНЕСКО ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии муқарраркардаи ин Созмон ба ҳисоб рафта, онҳо дар Оинномаи ЮНЕСКО дарҷ гардидаанд.  Мусоидат ба пойдории сулҳ  тавассути ҳамкории  миллатҳо дар бахшҳои маориф, илм ва фарҳанг ҷиҳати таъмини эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, сарфи назар аз ҷинс, эътиқод, забон ва ғайра аз ҷумлаи ин ҳадафҳоянд, ки дар Оинномаи СММ низ қайд гардидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.