Ифтитоҳи бинои баландтарини пойтахт аз ҷониби сарвари давлат

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот, ки бо маблағҳои бюҷетӣ сохта шудаанд, ширкат хоҳад варзид . Сарвари давлат дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон – маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» иштирок мекунад. Бино дар буриши кӯчаҳои Рӯдакӣ ва Бухоро бо фармоиши Раёсати сохтмони асосии мақомоти шахрдории Душанбе бунёд […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот, ки бо маблағҳои бюҷетӣ сохта шудаанд, ширкат хоҳад варзид

.

Сарвари давлат дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон – маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» иштирок мекунад.

Бино дар буриши кӯчаҳои Рӯдакӣ ва Бухоро бо фармоиши Раёсати сохтмони асосии мақомоти шахрдории Душанбе бунёд гардида, майдони умумии фарогирифтаи он ҳудуди 40 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Баландии бино 92 метр буда, он аз 20 ошёнаи ба истилоҳ «фаъол» ва ду ошёнаи техникӣ иборат аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, сохтмони иншооти мазкур моҳи октябри соли 2009 оғоз гардида, баҳри бунёди он аз бюҷети пойтахт беш аз 160 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Корҳои лоиҳакашии иншоотро ҶС «Шаҳрофар» анҷом дода, паймонкор ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал» аст.

Панҷ ошёнаи аввали бино барои ҷойгиркунонии марказҳои иттилоотӣ, намоишгоҳҳо, толорҳои намоиши мӯд, баргузории гуфтушунидҳо ва ҷойгиркунии ширкатҳои байнулмилалӣ пешбинӣ шудаанд.

«Дар ошёнаи 6 ва 19-ум тарабхонаҳо барои 200 ва 60 ҷой фаъолият хоҳанд кард, – мегӯяд Ш. Саидов. – Шурӯъ аз ошёнаи 7 то 15-ум идораҳои кории ташкилотҳои гуногун ҷойгир шуда, дар ошёнаҳои 17, 18 ва 20 меҳмонхона ва дар ошёнаҳои 21 ва 22 хадамоти техникии бино ҷойгир хоҳанд шуд».

«Дар бинои мазкур 12 адад лифтҳо хизматрасонӣ хоҳанд кард. Истгоҳ барои автомобилҳои «Душанбе-Плаза» дар ду ошёнаи аввал бо фарогирии майдони умумии 5 ҳазор метри мураббаъ фаъолият хоҳад намуд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.