Суғд: Афроди дастдошта дар қатли корманди нуқтаи мубодилаи асъор муайян шуданд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афроди гумонбар ба қатли корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар шаҳри Истаравшан муайян карда шуданд. Ахири моҳи августи соли равон корманди яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъор Шӯҳрат Ҷалолови 36-сола бо ҳамсараш дар манзили зисташон ба қатл расонида шуданд. Тавре аз РКД-и вилояти Суғд хабар доданд, дар ноҳияи Истаравшан шахсони номаълум шабона ба […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афроди гумонбар ба қатли корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар шаҳри Истаравшан муайян карда шуданд.

Ахири моҳи августи соли равон корманди яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъор Шӯҳрат Ҷалолови 36-сола бо ҳамсараш дар манзили зисташон ба қатл расонида шуданд.

Тавре аз РКД-и вилояти Суғд хабар доданд, дар ноҳияи Истаравшан шахсони номаълум шабона ба манзили зисти корманди нуқтаи мубодилаи асъор Шӯҳрат Ҷалолови 36-сола ворид мегарданд.

Дар саҳни ҳавлии хона тавассути зарбаҳои корд ӯ ва сипас ҳамсари Ҷалоловро, ки аз шунидани доду фарёд ба саҳни ҳавлӣ мебарояд, ба қатл мерасонанд ва 7 ҳазор доллари ИМА ва 28 ҳазор сомонӣ маблағи пулиро бо худ мебаранд. «Аз ҷароҳатҳои бардошта Ҷалолов ва ҳамсараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буданд», – гуфтанд дар раёсат.

Аз рӯйи ин далел мақомоти додситонии шаҳри Истаравшан мутобиқи моддаи «Одамкушӣ-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, дар ҷараёни тафтишот шахсони ба ин ҷиноят дастдошта муайян карда шуданд. Яке аз гумонбаршудагон корманди нуқтаи мубодилаи асъори шаҳри Истаравшан, М.О.-и 36 сола будааст, ки рӯзи 23-юми август даст ба худкушӣ зад. Ҳамроҳи ӯ – Ф.М.-и 31 сола боздошт шуда, ҳамчунин далелҳои шайъӣ ва асбоби қатл низ гирифта шудаанд.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, соли равон дар қаламрави вилоят 30 далели куштор ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.