Анҷоми амалиёти махсуси «Велосипед» дар ҷумҳурӣ

Дар Тоҷикистон амалиёти махсус таҳти унвони «Велосипед, ки шурӯъ аз 15-уми сентябр аз ҷониби кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ доир гардид, ба анҷом расид. Ҳадаф аз баргузории амалиёт ошкор сохтани велосипедрононе аст, ки ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ даст мезананд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Раёсати БДА-и ВКД Муҳаммадҷон Назриев хабар дод, […]

Аваз Юлдошев


Дар Тоҷикистон амалиёти махсус таҳти унвони «Велосипед, ки шурӯъ аз 15-уми сентябр аз ҷониби кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ доир гардид, ба анҷом расид.

Ҳадаф аз баргузории амалиёт ошкор сохтани велосипедрононе аст, ки ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ даст мезананд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Раёсати БДА-и ВКД Муҳаммадҷон Назриев хабар дод, дар ҷараёни амалиёт ба афроде, ки дар велосипедҳои худ садоҳои баланди гуногун ва магнитофон гузошта, бо ин амал тартиботи ҷамъиятиро халалдор месохтанд, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд. «Барои ин амал 72 нафар велосипедронон ҷаримабандӣ шуда, воситаҳои истифоданамудаи онҳо мусодира гардид», – гуфтанд дар раёсат.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои сарчашма, рӯзи 18-уми сентябр бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ду нафар велосипедронони ноболиғ ба ҳалокат расиданд. Автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ба велосипедҳои онҳо бархӯрд.

Дар маҷмӯъ, тайи шабонарӯзи гузашта дар кишвар бар асари садами нақлиёт ду нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд. Дар ноҳияи Ёвон духтарчаи сесола зери чархи мошин монда, дар ноҳияи Ҷомӣ низ велосипедрони 20-сола зери чархи мошини боркаши ГАЗ-53 монд. Аз рӯйи ин далелҳо тафтишот бурда мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.