Ҳукуматдорон қазияи марги Шодиевро бояд дақиқан мавриди тафтиш қарор диҳанд

ASIA-Plus


Эътилофи Ташкилоти ғайриҳукуматӣ (ТҒҲ)-и мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҳукуматдорон даъват ба амал овард, ки тафтишоти фаврӣ ва дақиқи қазияи марги сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Баҳромиддин Шодиевро баргузор намоянд.

Эътилофи  мубориза алайҳи шиканҷа дар робита ба марги сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Баҳромиддин Шодиев, ки ба гумони содир намудани як қатор амалҳои дуздӣ боздошт шудааст, бо пахши як изҳорот изҳори нигаронӣ намудааст. Рӯзи 30-юми октябр Б. Шодиев баъди аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ овардан ба ҳалокат расид.

Хешовандони фавтида мегӯянд, Шодиев дар шӯъбаи милиса мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон мунтақил ва пас аз 10 рӯз фавтидааст.

Ҳодисаи ба ин монанд баҳори соли равон бо Сафаралӣ Сангов рух дод. Ӯ ҳам пас аз мунтақил шудан аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2-и пойтахт дар Маркази миллии тиббӣ фавтид. То ҳанӯз мурофиаи додгоҳӣ оид ба ин парванда нисбат ба кормандони милисаи ин шӯъба – Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов идома дорад. Ҳар ду корманди милиса ба хунукназарӣ нисбат ба адои вазифаи худ айбдор карда мешаванд. Пас аз боздошти Сафаралӣ Сангов ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ӯ ба шӯъбаи эҳёгарӣ мунтақил шуда, дар он ҷо аз олам даргузашт. Хешовандони фавтида мегӯянд, ки ӯ бар асари латукӯби бераҳмонаи кормандони милиса ҳалок шудааст. Дар навбати худ, кормандон милиса фавти ӯро ба худкушӣ нисбат доданд.

Муаллифони изҳорот таъкид месозанд, ки маълумоти  мазкур перомуни риоя накардани ҳуқуқи инсон метавонанд ба нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи байнулмилалӣ таъсири манфӣ гузоранд.

Эътилоф аз ҳукуматдорон талаб мекунад, ки бобати ин қазия фавран тафтишоти мустақил ва беғаразонаву дақиқ гузаронида шуда, ба пешниҳоди маърази ом гардонидани он кафолат дода шавад.  Ҳамчунин мутобиқи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари узви Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф , айбдоршавандагон бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

Дар зери изҳорот Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро», ҶК «Авесто», Ҳайати мушовараи адвокатҳои ҶТ «Сипар», Ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон, Маркази мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI», Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният,  Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон, ҶК «Имконоти баробар», Марказ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Марказ оид ба ҳуқуқи инсон имзо гузоштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?