Таҳти сарварии муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров ҷаласаи васеи раёсати ҳизб доир гардид, ки дар он роҳбарони шӯъбаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳизб иштирок карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳов, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон хабар дод, дар ҷаласа аз фаъолияти ҳизб дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, нақшаву вазифаҳо барои соли соли равон муайян карда шуданд.
«Иштирокдорони ҷаласа фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро қаноатбахш арзёбӣ карданд. Соли гузашта сафи ҲХДТ 25 ҳазор нафар зиёд шуд», – иброз дошт Солеҳов.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон шумори аъзои ҲХДТ 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.



