Раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров нисбат ба қазияи истирдоди Давлатбек (Димон) Ашӯров як изҳороте иброз намуд.
Ба эътиқоди Зойиров, бо ин амалҳои худ Тоҷикистону Чин ҳуқуқҳои инсонро поймол мекунанд, ки мутобиқи Конститутсия ҳарду кишвар аз меъёрҳои мурофиавии қонунгузорӣ дар бораи истирдод ва таъқиботи ҷиноӣ болотар қарор доранд.
Дар изҳороти имрӯз интишоргардида раиси ҲУСДТ иброз медорад, ки Д.Ашӯров аз Чин истирдод шуда дар фурудгоҳ ӯро бо аробачаи маъюбӣ кормандони КДАМ пешвоз гирифта, бемори вазнинро ба тавқифгоҳи муваққатии №1-и шаҳри Душанбе интиқол доданд.
«Боиси ташиш аст, ки шахс дар ҳолати беморӣ аз кишвари узви Шӯрои амнияти СММ барои ҷинояти қаллобии ҳашт сол қабл содиршуда ба кишваре истирдод гардид, ки дар он нисбати истирдодшудагон аз шиканҷа кор гирифта мешавад», – омадааст дар изҳорот.
Ба қавли Зойиров, изҳороти прокурори генералӣ дар бораи қонунӣ будани истирдоди Д.Ашӯров ба меъёрҳои қонунгузорӣ мувофиқат намекунад, зеро Д.Ашӯров ба қаллобӣ гумонбар дониста шуда, кормандони КДАМ ба тафтиши он масъул нестанд ва гузашта аз ин, дар айбномаи ба Ашӯров пешниҳодшуда таркиби ҷиноят мавҷуд нест, яъне пардохт накардани қисмате аз маблағи хариди мошин ба ин хулоса ҳуқуқ намедиҳад.
Дар идомаи изҳорот гуфта мешавад, феълан нисбати Д.Ашӯров боз як айбнома – «гурехтан» низ илова шудааст, ки он ҳам дуруст нест, зеро дар дами марг қарор доштани Д.Ашӯровро ҳам табибони чиниву ҳам тоҷик тасдиқ кардаанд.
Дар фарҷоми изҳорот Раҳматилло Зойиров зикр мекунад, ки як қатор қонуншиканиҳо дар мавриди қазияи Умаралӣ Қувватов низ ҷой дорад, ки дар робита ба он ӯ изҳороти алоҳида пахш карданист.



