Боздошти Абдумалик Абдуллоҷонов дар Украина

Дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов боздошт шуд. Бино ба маълумоти бахши тоҷикии хабаргузории Би-Би-Сӣ, ӯ аз ИМА ба Украина сафар доштааст. Сабаб ва ҷузъиёти боздошти Абдуллоҷонов ҳанӯз дақиқ шарҳ дода намешаванд. Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» дар Прокуратураи генералии ҶТ ин далелро на тасдиқ сохтанду на рад, вале манбаъ […]

ASIA-Plus


Дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов боздошт шуд.

Бино ба маълумоти бахши тоҷикии хабаргузории Би-Би-Сӣ, ӯ аз ИМА ба Украина сафар доштааст. Сабаб ва ҷузъиёти боздошти Абдуллоҷонов ҳанӯз дақиқ шарҳ дода намешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» дар Прокуратураи генералии ҶТ ин далелро на тасдиқ сохтанду на рад, вале манбаъ таъкид намуд, ки Абдуллоҷонов барои кӯшиши табаддулоти давлатӣ мавриди пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон шуда буд.

Номи Абдумалик Абдуллоҷонов дар рӯйхати афроди аз ҷониби Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаи Интерпол низ мавҷуд аст, аммо дар он ҷо ӯ ҳамчун

Абдулоҷон Абдулоҷонов

зикр гардидааст. Ӯ ҳамчун гумонбар ба ҷинояткории муташаккил ва терроризм мавриди пайгард қарор дорад.

Абдумалик Абдуллоҷонов яке аз шахсони маъруфи солҳои 90-и асри гузаштаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Соли 1992 ӯ нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, дар ин мансаб то моҳи декабри соли 1993 фаъолият дошт. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Русия низ ифои вазифа намудааст.

Пас аз шикаст дар маъракаи интихоботи президентӣ дар соли 1994 ӯ Тоҷикистон тарк намуда, дар кишварҳои Ғарб зиндагӣ мекард.

Ҳамчунин тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, Абдуллоҷонов дар маблағгузории ошӯби полковник Маҳмуд Худоёбердиев низ гумонбар дониста мешавад, ки соли 1998 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ фурӯ нишонда шуда буд. Солҳои ахир ӯ дар Лос-Анҷелеси ИМА ба сар мебурд.

Моҳи ноябри соли гузашта боз номи ӯ дар ВАО пайдо шуд. Мусоҳибаи ӯ дар бахши тоҷики сомонаи радиои Озодӣ ба табъ расид. Пайдо шудани Абдуллоҷонов дар сафҳаҳои матбуотро коршиносон ба маъракаи интихоботи президентии қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон рабт дода буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.