Дар Хатлон 57 оила аз минтақаҳои хавфнок кӯчонида шудааст

57 оилае, ки дар манотиқи хатарноки вилояти Хатлон ба сар мебурданд, ба ҷойҳои нисбатан бехавф кӯчонида шуданд. Чӣ тавре ки иҷрокунандаи вазифаи сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон Талабшо Назаров зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 1-уми июли соли 2011 таҳти №322 «Дар бораи муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2011-2013»,  […]

Сайраҳмон Назриев


57 оилае, ки дар манотиқи хатарноки вилояти Хатлон ба сар мебурданд, ба ҷойҳои нисбатан бехавф кӯчонида шуданд.

Чӣ тавре ки иҷрокунандаи вазифаи сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон Талабшо Назаров зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 1-уми июли соли 2011 таҳти №322 «Дар бораи муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2011-2013»,  дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 108 чунин оилаҳо ба макони амн интиқол дода шаванд. 

«Дар нимсолаи аввали соли 2013 мо тавонистем, 57 оилаи муҳоҷирони экологиро ба ҷойҳои бехавф кӯчонем», – афзуд Назаров.

Ба гуфтаи ӯ, дар вилояти Хатлон 378 деҳа ба қайд гирифта шудааст, ки манотиқи хатарнок қарор доранд.  «Мувофиқи нақша, сол аз сол ин деҳаҳо ба ҷойҳои бехавф кӯчонида хоҳанд шуд», – изҳор дошт Назаров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.