Салимзода: Доираҳои ҷиноятпеша тарбиятгирандагони макотиби варзиширо ҷалб мекунанд

Аваз Юлдошев

Дар нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор кард, ки ахиран дар Тоҷикистон далелҳои ба ҳаллу фасли масоили ҷиноӣ ҷалб гардидани тарбиятгирандагони мактабҳои самбои ҷангӣ, ҷанги тан ба тани шарқӣ ва дигар навъҳои варзиши ҷангӣ ба мушоҳида мерасанд. «Аз як тараф, хуб аст, ки ҷавонони мо дар чунин мактабҳо сифатҳои ҷангиву муҳофизати худро […]


Дар нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор кард, ки ахиран дар Тоҷикистон далелҳои ба ҳаллу фасли масоили ҷиноӣ ҷалб гардидани тарбиятгирандагони мактабҳои самбои ҷангӣ, ҷанги тан ба тани шарқӣ ва дигар навъҳои варзиши ҷангӣ ба мушоҳида мерасанд.

«Аз як тараф, хуб аст, ки ҷавонони мо дар чунин мактабҳо сифатҳои ҷангиву муҳофизати худро сайқал медиҳанд, вале онҳо мушаххасан бояд дарк кунанд, ки дар ҷомеа нерӯҳое пайдо хоҳанд шуд, ки онҳоро ба ҳаллу фасли муноқишаи ҷиноӣ ва тақсими нуфузи таъсир истифода карданӣ мешаванд», – зикр кард Салимзода.

Ба гуфтаи ӯ, чунин ҳодисаҳо аллакай сурат гирифтаанд. «Ба ин куштори пурсарусадои шаби  28-уми феврали соли равон

дар тарабхонаи «Шаҳрисабз»

, ки дар натиҷаи муноқиша миёни ду гурӯҳи ҷавонон ба амал омада, як тан аз онҳо дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва дигаре бистарӣ шуда буд, мисол шуда метавонад», – иброз дошт прокурори генералӣ.

Ш.Салимзода афзуд, чанде аз иштирокчиёни ин муноқиша ва дигар ҳодисаҳои қонуншиканӣ аз малакаҳои самбои ҷангӣ, ҷанги тан ба тани шарқӣ ва дигар навъҳои варзиши ҷангӣ бархӯрдор буданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.